Дар Қайроққум раиси ҲСДТ ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро шарҳ дод

Date:


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бо доишҷӯёни маотиби олии кишвар мулоқот орост.




Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб изҳор дошт, ки ӯ бо даъвати Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба шаҳри Қайроққум омада, бо 150 нафар донишҷӯёне, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои САҲА дар он ҷо истироҳат мекунанд, мулоқот кардааст.



Мавсуф мегӯяд, ки ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро мухтасар шарҳ додааст. Сипас мубоҳисаҳо сурат гирифта, донишҷӯён ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва вазъи роҳандозии сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир сохтаанд.



Р.Зойиров зикр кард, ки имрӯз Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.



Пагоҳ баргузории конфронси навбатии вилоятии ҳизб дар назар аст, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбӣ муҳокима карда мешаванд. «Дар назар аст, ки ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар вилояти Суғд таҳия месозад», – гуфт раиси ҳизб.



Дар таърихи 21-уми август сафари Р.Зойиров ба ноҳияи Конибодом ва 22-уми август ба Истаравшан ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои номбурда конфронси ноҳиявии ҳизб доир мегардад.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...