Дар Қайроққум раиси ҲСДТ ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро шарҳ дод

Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бо доишҷӯёни маотиби олии кишвар мулоқот орост. Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб изҳор дошт, ки ӯ бо даъвати Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба шаҳри Қайроққум омада, бо 150 […]


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Суғд раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бо доишҷӯёни маотиби олии кишвар мулоқот орост.




Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб изҳор дошт, ки ӯ бо даъвати Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба шаҳри Қайроққум омада, бо 150 нафар донишҷӯёне, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои САҲА дар он ҷо истироҳат мекунанд, мулоқот кардааст.



Мавсуф мегӯяд, ки ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро мухтасар шарҳ додааст. Сипас мубоҳисаҳо сурат гирифта, донишҷӯён ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва вазъи роҳандозии сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир сохтаанд.



Р.Зойиров зикр кард, ки имрӯз Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.



Пагоҳ баргузории конфронси навбатии вилоятии ҳизб дар назар аст, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбӣ муҳокима карда мешаванд. «Дар назар аст, ки ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар вилояти Суғд таҳия месозад», – гуфт раиси ҳизб.



Дар таърихи 21-уми август сафари Р.Зойиров ба ноҳияи Конибодом ва 22-уми август ба Истаравшан ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои номбурда конфронси ноҳиявии ҳизб доир мегардад.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.