Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Дар толори конфронси маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» бо суроғаи: ш. Душанбе, хиёб. Рӯдакӣ, 38/1 доир ба масоили рушди бонкинги мобилӣ (хизматгузории бонкии электронӣ) ва дурнамои ҷорисозии он дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 12:30;

– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Маркази миллии қонунгузорӣ (оғоз соати 09:00), Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ (оғоз соати 10:00) ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ (оғоз соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8003

сомонӣ;


1

евро

– 6.5024

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.138


7



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1930

– Таъсиси газетаи «Деҳқони камбағал».


2008 –

Шумораҳои нахустини нашрияҳои ВКД ҶТ «Қонун ва ҷомеа» ва газетаи нерӯҳои марзбонӣ «Сарҳадчӣ» ба табъ расиданд


1936

– Зодрӯзи муаррих Искандар Қаландаров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -12-17, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -10-15, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -17-22, рӯзона -7-12.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -12-17, рӯзона -5-10.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона -2-7;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -4-9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона -2-4.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -6-8.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -5-7.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -6-8.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0-2.

spot_imgspot_img

Популярное