Пуштибонии ИА аз иқдомҳои пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузории лоиҳаи минтақавиро бо номи “Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон” таҳти барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ), ки 1 156 690 евроро ташкил медиҳад, оғоз намуд. Дар иттилоияи расмии намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки вазифаи умумии иқдоми пешниҳодшуда аз саҳм гирифтан […]

ASIA-Plus



Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузории лоиҳаи минтақавиро бо номи “Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон” таҳти барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ), ки 1 156 690 евроро ташкил медиҳад, оғоз намуд.

Дар иттилоияи расмии намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки вазифаи умумии иқдоми пешниҳодшуда аз саҳм гирифтан дар решакан кардани шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон иборат мебошад. Иқдоми мазкур созмонҳои ҷамъиятиро аз Осиёи марказӣ ва ИА, ки ҳадафи муштаракшон ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа мебошад, ба ҳам меорад. Шарикони лоиҳа инҳоянд: Бунёди ҳуқуқи инсони Ҳелсинки – Полша (шарики роҳнамои лоиҳа); Идораи байналмиллали ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон; Бунёди ҷамъиятии Нота Бене (Тоҷикистон) ва Шарикии байналмиллалӣ баҳри ҳуқуқи инсон (Белгия). Эътилофҳои СҒҲ алайҳи шиканҷа аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон низ дар татбиқи фаъолиятҳои лоиҳа иштирок мекунанд.

Иқдоми 30 моҳа фаъолиятҳои мухталифро пешбинӣ менамояд, ба монанди эҷоди зарфият, ҳамоҳангсозӣ ва барқарор кардани робитаи корӣ дар байни СҒҲ, ки дар бахши мубориза алайҳи шиканҷа фаъоланд; кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон; фаъолиятҳои вобаста ба дифоъ ва пуштибонӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ барои мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии марбут ба озодӣ аз шиканҷа, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкилоти шиканҷа дар байни ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон.

Бо назардошти имкониятҳои фарогири иқдом ва доираи васеи бозигароне, ки дар татбиқи он ширкат мекунанд, интизор меравад натиҷаҳои системӣ, ба монанди баланд рафтани сатҳу самаранокии таҳқиқоти парвандаҳои марбут ба шиканҷа; фарогирии теъдоди бештари нафарони шиканҷадида, ки аз кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва воситаҳои дифои ҳуқуқӣ баҳраманд мешаванд, барқарорсозии ҳуқуқи қурбонӣ ба ёрии ҳуқуқӣ, афзоиши зарфияти созмонӣ, таҳқиқотӣ ва гузоришдиҳии СҒҲ, ба даст оянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.