Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб 10 гектар замини бекорхобидаро ошкор сохт

Date:


Кӯлоб. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пас аз санҷиши истифодаи замини 12 корхонаву ташкилот ҳудуди


10 гектар

замини бекорхобидро ошкор сохт, ки акнун ба фонди замини шаҳр дохил карда мешаванд.




Ба иттилои раиси шаҳр Ҳомид Абдуллоев, дар маҷмӯъ санҷиши 43 корхонаву муассиса ба нақша гирифта шудааст. «Дар замонҳои гуногун ин иншоот хусусӣ карда шуда буданд ва соҳибони нав заминҳои гирду атрофи онро низ моли худ ҳисобиданд, – идома дод ӯ. – Ин мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ буда, айни замон дар корхонае, ки коргари зиёде надорад, майдони якчанд гектар замин ҳеҷ зарурате надорад».



Мавсуф зикр кард, ки комиссия дар корхонаи «Пахтаи Кӯлоб

1,5 гектар

, дар корхони равғанкашии ширкати «Мармариён»

0,7 гектар

, дар муасссисаи нақлиётии рақами 52

2 гектар

, дар колоннаи сайёри механиконидашудаи сохтмонӣ –

4 гектар

, дар Раёсати сохтмони манзили зист –

4 гектар

ва дигар корхонаву муассисоти хурд заминҳои бекорхобидаро ошкор сохт. Корхонаҳои номбурда дар соҳили рӯдхонаи Яхсу ҷойгир шудаанд ва заминҳои он мувофиқи таъинот истифода намешуданд.



Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, санҷиши пурраи заминҳои корхонаву муассисот аз 100 то

150 гектар

заминҳои бекорхобидаро ошкор хоҳад сохт. «Ин заминҳо ба мардум барои сохтмони манзили зист дода мешаванд», – гуфт Ҳ.Абдуллоев ва афзуд, ки пеш аз ҳама, қитъаи замин ба коргарони ин муассисот, ки дар набати гирифтани замин дар мақомоти иҷроия сабт гаштаанд ва сипас ба дигар навбатгирифтагон дода мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...