Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб 10 гектар замини бекорхобидаро ошкор сохт

Кӯлоб. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пас аз санҷиши истифодаи замини 12 корхонаву ташкилот ҳудуди 10 гектар замини бекорхобидро ошкор сохт, ки акнун ба фонди замини шаҳр дохил карда мешаванд. Ба иттилои раиси шаҳр Ҳомид Абдуллоев, дар маҷмӯъ санҷиши 43 корхонаву муассиса ба нақша гирифта шудааст. «Дар замонҳои гуногун […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пас аз санҷиши истифодаи замини 12 корхонаву ташкилот ҳудуди


10 гектар

замини бекорхобидро ошкор сохт, ки акнун ба фонди замини шаҳр дохил карда мешаванд.




Ба иттилои раиси шаҳр Ҳомид Абдуллоев, дар маҷмӯъ санҷиши 43 корхонаву муассиса ба нақша гирифта шудааст. «Дар замонҳои гуногун ин иншоот хусусӣ карда шуда буданд ва соҳибони нав заминҳои гирду атрофи онро низ моли худ ҳисобиданд, – идома дод ӯ. – Ин мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ буда, айни замон дар корхонае, ки коргари зиёде надорад, майдони якчанд гектар замин ҳеҷ зарурате надорад».



Мавсуф зикр кард, ки комиссия дар корхонаи «Пахтаи Кӯлоб

1,5 гектар

, дар корхони равғанкашии ширкати «Мармариён»

0,7 гектар

, дар муасссисаи нақлиётии рақами 52

2 гектар

, дар колоннаи сайёри механиконидашудаи сохтмонӣ –

4 гектар

, дар Раёсати сохтмони манзили зист –

4 гектар

ва дигар корхонаву муассисоти хурд заминҳои бекорхобидаро ошкор сохт. Корхонаҳои номбурда дар соҳили рӯдхонаи Яхсу ҷойгир шудаанд ва заминҳои он мувофиқи таъинот истифода намешуданд.



Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, санҷиши пурраи заминҳои корхонаву муассисот аз 100 то

150 гектар

заминҳои бекорхобидаро ошкор хоҳад сохт. «Ин заминҳо ба мардум барои сохтмони манзили зист дода мешаванд», – гуфт Ҳ.Абдуллоев ва афзуд, ки пеш аз ҳама, қитъаи замин ба коргарони ин муассисот, ки дар набати гирифтани замин дар мақомоти иҷроия сабт гаштаанд ва сипас ба дигар навбатгирифтагон дода мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.