Додситонии Хатлон ба сохтмончиёни нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар пардохти музди меҳнаташон кӯмак кард

Қӯрғонтеппа. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Хатлон Абдулмаҷид Содиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки 250 нафар сохтмончиёни нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» дар бораи саривақт напардохтани музди меҳнат ба прокуратура муроҷиат карданд. Ба қавли додситон, дар натиҷаи баргузории тафтишот маълум шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди […]

Сайраҳмон Назриев


Қӯрғонтеппа. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Хатлон Абдулмаҷид Содиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки 250 нафар сохтмончиёни нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» дар бораи саривақт напардохтани музди меҳнат ба прокуратура муроҷиат карданд.




Ба қавли додситон, дар натиҷаи баргузории тафтишот маълум шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони иншооти энергетикии Осиёи Миёна» (Среднеазиатский гидроэнергострой) ба коргарон аз пардохти музди меҳнат ба маблағи 1 миллиону 430 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.



«Тибқи нишондоди додситонӣ 28-уми июли соли равон қисме аз ин қарз ба маблағи 103 ҳазору 947 сомонӣ пардохта шуд ва раҳбарияти корхона ваъда доданд, ки дар моҳи август қарзи музди меҳнат пурра пардохта хоҳад шуд», – гуфт додситон.



Мавсуф таъкид сохт, ки овозаҳои танҳо ба коргарони рус пардохтани музди меҳнат асоси воқеӣ надоранд ва корхона аз коргарони рус низ дар пардохти музди меҳнат қарздор аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.