Тоҷикистон се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунӣ қарордоштаро ба Ӯзбекистон медиҳад

              Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар посгоҳи сарҳадии «Бародарӣ»-и шаҳри Турсунзода маросими аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек додани се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунии ин кишвар қарордошта баргузор мешавад. Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур дар мулоқоти […]

Аваз Юлдошев



             

Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар посгоҳи сарҳадии «Бародарӣ»-и шаҳри Турсунзода маросими аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек додани се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунии ин кишвар қарордошта баргузор мешавад.




Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур дар мулоқоти пешбинишудаи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.



«Интизор меравад, ки дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Нисбт ба се нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон сарчашма зикр кард, ки онҳо дар қаламрави кишварашон як қатор ҷиноёт содир намуда, ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.



«Иқдоми мазкур аз нияти неки мо дарак медиҳад», – афзуд сарчашма. Дар доираи вохӯрӣ ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.