Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад

Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) Ларс Туннел ҷиҳати боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Аз намояндагии ташкилот хабар доданд, ки боздиди корӣ дар таърихи 11-14-уми август ба нақша гирифта шуда, зимни он ноиби президенти корпоратсия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад орост. Дар вохӯрӣ муҳокимаи […]

Виктория Наумова


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) Ларс Туннел ҷиҳати боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.




Аз намояндагии ташкилот хабар доданд, ки боздиди корӣ дар таърихи 11-14-уми август ба нақша гирифта шуда, зимни он ноиби президенти корпоратсия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад орост. Дар вохӯрӣ муҳокимаи масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ин созмони бонуфузи молиявии байнулмилалӣ дар назар аст.




Маълумотнома:

IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC, аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.