Чанде қабл таҳти раҳбарии сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода Шоҳ Искандаров «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои асабу равонӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо маводи ғизойӣ кумак расонида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, генерал-майори милиса ба Марказ бо маводи ғизойӣ, аз ҷумла 10 кило гӯшт, 50 дона нон, 30 кило сабзӣ, 25 кило биринҷ, 10 кило пиёз, 5 кило мандарин ва 10 кило равған ёрӣ расонидааст.
«Раҳбарияти Марказ барои расонидани кумак ба унвони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ номаи арзи сипос ирсол намуд», – гуфта мешавад дар иттилои ВКД Тоҷикистон.



