IFC таҷрибаи идораи корпоративӣ дар Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) ба таҳқиқоти таҷрибаи идораи корпоративӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард. Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи лоиҳаи IFC оид ба идораи корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ Вадим Неъматов изҳор дошт, ки таҳқиқот дар Тоҷикистон бори нахуст сурат гирифта, он барои тезонидани раванди ислоҳоти идораи корпоративӣ дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ба таҳқиқоти таҷрибаи идораи корпоративӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард.




Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи лоиҳаи


IFC




оид ба идораи корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ Вадим Неъматов изҳор дошт, ки таҳқиқот дар Тоҷикистон бори нахуст сурат гирифта, он барои тезонидани раванди ислоҳоти идораи корпоративӣ дар кишвар сарчашмаи ғании маълумот хоҳад гашт.



Зикр гардид, ки зимни баргузории таҳқиқот аз таҷрибаи феълии роҳандозии идоракунии корпоративии ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо ва ниҳодҳои дигари молиявӣ натиҷагирӣ шуда, дараҷаи риояи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон дар ин бобат аз ҷониби онҳо муайян карда мешавад.



«Дар таҳқиқот ба масоили тамоили идоракунии корпоративӣ доштани корхонаву муассиса, сохтори моликият ва тарзи идораи ширкатҳо, ҳифзи ҳуқуқи саҳмиядорон ва шаффофии маълумоти молиявӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад», – зикр кард манбаъ.



Таҳқиқотро Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало», ки мувофиқи тендер интихоб шуд, доир мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.