Дар Шӯрообод бемори нахустини СПИД ба қайд гирифта шуд

Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бемори нахустини вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) ба қайд гирифта шуд. Сарчашма аз Маркази муқобилат ва пешгирии ВНМО/БНММ-и минақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҷавонзани гирифтори чунин бемориро шавҳараш барои ташхис ба марказ овардааст […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бемори нахустини вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) ба қайд гирифта шуд. Сарчашма аз Маркази муқобилат ва пешгирии ВНМО/БНММ-и минақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҷавонзани гирифтори чунин бемориро шавҳараш барои ташхис ба марказ овардааст ва худаш бо натиҷаҳои ташхис шинос нашуда, боз ба Русия рафтааст. Шавҳари ҷавонзан чанде қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргашта буд.






Ҳамин тариқ, аз 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ин нӯҳумин ноҳияест, ки дар он чунин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Бақайдгирӣ соли 2003 оғоз гардида, то имрӯз дар ноҳияҳо 155 нафар чунин беморон мавҷуданд, ки аз онҳо 135 нафарашон мардон ва 3 нафарашон кӯдакони синни 15 сола мебошанд.





Шумораи чунин беморон дар ноҳияҳо ба таври зайл аст: дар шаҳри Кӯлоб – 119 нафар, ноҳияи Восеъ – 7 нафар, Кӯлоб – 6 нафар, Ҳамадонӣ – 4 нафар, Фархор ва Мӯъминобод – 3 нафарӣ, Данғара – 2 нафар, Темурмалик ва Шӯрообод – 1 нафарӣ. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Балҷувон ва Ховалинг алҳол чунин беморон ба қайд гирифта нашудаанд. «Аз соли 2003 то имрӯз ба иллати касалиҳои гуногун 25 нафар гирифторони чунин беморӣ фавтиданд ва 11 нафар табобати эҳёгарии зиддивирусӣ мегиранд», – афзуд сарчашма.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.