Дар нимсолаи аввал Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард

Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 77 ҳазору 369 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст, ки 5 ҳазор аз он маҳсулоти консервшуда мебошад. Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки содироти махсулоти мевагӣ дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 77 ҳазору 369 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст, ки 5 ҳазор аз он маҳсулоти консервшуда мебошад.






Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки содироти махсулоти мевагӣ дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 ҳазору 152 тонна ё худ 46,7 фоиз зиёдтар аст. Зикр гардид, ки содироти гелос ду баробар (173 тонна) ва зироати полизӣ 84,4 фоиз дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.





Мувофиқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат, фитосанитарӣ ва карантини назди вазорати кишоварзӣ, дар нимсолаи аввал маҳсулоти содиротшуда аз кишвар 184 ҳазору 186 тоннаро ташкил додааст, ки беш аз 34 ҳазори он меваи хушк мебошад.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.