Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон рӯзи хотимавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2014» доир гардида, маросими пӯшидашавии он рӯзи 20-уми август соати 17:00 баргузор мешавад. Озмун ба муносибати 20-умин солгарди қабули Сарқонун (Конститусия)-и ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафи он дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва ҷалби ҳунармандони ҷавон ба фаъолияти эҷодӣ аст.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9797

сомонӣ;


1

евро –

6.6428

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1391

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.


1960

– Бори нахуст мавҷудоти зиндаи ба кайҳон бароварда – сагҳо Белка ва Стрелка ба Замин баргаштанд.


2003

– Дар тендери сохтмони нақби Анзоб ширкати эронии «Собир» ғолиб дониста шуд.


1515-1580

– Зодрӯзи шоири форсу тоҷик, таърихшинос ва тарҷумон Абдибек Шерозӣ.


1909-1984

– Мавлуди коргардони кино Рафаил Перелштейн.


1954

– Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Саидалӣ Гулов.


1961-2001

– Мавлуди овозхон Муборакшо Мирзошоев.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное