«Ҷараёни салафия дар ислом таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад», – назари Ҳайдари Ҷамол

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – «Дар таҳқиқи ҷараёни салафия таҳлили ҳамаҷониба ва муносибати фардӣ зарур аст, то ки ба умқи масъала сарфаҳм рафта, пайдоиши «гург дар ниқоби гӯсфанд»-ро пешгирӣ кунем», – изҳор дошт раиси Кумитаи исломии Русия, коршиноси маъруф оид ба масъалаҳои ислом Ҳайдар Ҷамол. Имрӯзҳо ӯ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва дар […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – «Дар таҳқиқи ҷараёни салафия таҳлили ҳамаҷониба ва муносибати фардӣ зарур аст, то ки ба умқи масъала сарфаҳм рафта, пайдоиши «гург дар ниқоби гӯсфанд»-ро пешгирӣ кунем», – изҳор дошт раиси Кумитаи исломии Русия, коршиноси маъруф оид ба масъалаҳои ислом Ҳайдар Ҷамол.






Имрӯзҳо ӯ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» перомуни вазъи ислом дар Тоҷикистон ва пайдоиши ҷараёни салафия чунин изҳори назар кард, ки ӯ ба ҳамаи мусулмонон новобаста аз мансубияташон ба ҷараёне муносибати якхела дорад ва ҳамеша аз як мавқеъ ба онҳо баҳо медиҳад: «онҳо ба ислом хизмат мекунанд ё ба душманони он?».





«Дар дохили ислом хадамоти махсуси амрикоӣ амал мекунанд, ки бо ошкор сохтани онҳо мо аниқ хоҳем кард, ки дар асл кӣ гунаҳкор аст», – таъкид сохт Ҳ.Ҷамол. Ӯ намояндгони ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба сифати намуна мисол овард, ки онҳо бо хадамоти махсуси амрикоӣ робита доранд.





Коршинос таъкид сохт, ки миёни тамоми ҷараёнҳои ислом бояд робитаву гуфтушунид барқарор бошад, то ки аз муноқишаву ташаннуҷи вазъ ҷилавгирӣ шавад.





Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи муфассали афкору ғояҳои ҷараёни салафия дар ислом худдорӣ кард.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.