Маҷлиси Шӯрои нозирони «АксесБанк» дар Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 22-юми сентябр дар «AccessBank Tajikistan» маҷлиси Шӯрои нозирони «Access Holding», ки ҳашт бонк дар қаламрави Африқо, Қафқоз ва Осиёи Марказиро тахти назорат қарор дорад, баргузор гардид. Маҷлиси Шӯрои нозирон ҳамасола дар яке аз бонкҳои шабакаи «Access Holding» доир мегардад ва имсол тасмим гирифта шуд, ки он дар «AccessBank Tajikistan» дар шаҳри Душанбе […]

Иттилоияи расмӣ



Нимаи дуюми рӯзи 22-юми сентябр дар «AccessBank Tajikistan» маҷлиси Шӯрои нозирони «Access Holding», ки ҳашт бонк дар қаламрави Африқо, Қафқоз ва Осиёи Марказиро тахти назорат қарор дорад, баргузор гардид.

Маҷлиси Шӯрои нозирон ҳамасола дар яке аз бонкҳои шабакаи «Access Holding» доир мегардад ва имсол тасмим гирифта шуд, ки он дар «AccessBank Tajikistan» дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Маҷлис дар дафтари кории асосии бонк гузаронида шуд. Ғайр аз ин, дар филиали нави бонк дар Душанбе, воқеъ дар маркази тиҷорати «Созидание» вохӯрии аъзои Шӯрои нозирон бо раҳбарияти бонк ва мудирони филиалҳо доир гардида, дар он масъалахои рушди минбаъдаи ин ташкилоти молиявӣ барррасӣ шуданд.

Ҳамчунин маросими муаррфии дастовардҳои бонк низ баргузор шуда, зимни он қайд карда шуд, ки «AccessBank» бо суръати баланд дар ҳоли рушд қарор дошта, сандуқи қарзии он аллакй беш аз 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«AccessBank Tajikistan» бо 4 филиал дар пойтахт, яктогӣ филиалҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Турсунзода ва Қӯрғонтеппа яке аз ташкилотҳои муваффақест, ки хизматгузориҳои молиявии хурдро пешниҳод мекунад. Моҳи сентябр дар вилояти Суғд маркази нахустини хизматгузории бонкӣ таъсис дода шуд. Имрӯз шабакаҳои бонк бо кормнадони соҳибтаҷриба таъмин буда, ба беш аз 9 500 нафар мизоҷон хизматгузорӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк беш аз 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Баъди якуним сол пас аз дастрасии иҷозатнома ҷиҳати ҷалби амонатҳо аз Бонки миллии ҶТ, сандуқи амонатҳои «AccessBank» ба беш аз 2,7 млн. доллари ИМА расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.