Шумораи рекордии корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Текстиллегпром»-и Маскав

Шумораи рекордии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 23-юм то 26-уми сентябри соли 2014 дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд. Корхонаҳои Тоҷикистон барои чаҳорумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия […]

ASIA-Plus



Шумораи рекордии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 23-юм то 26-уми сентябри соли 2014 дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.

Корхонаҳои Тоҷикистон барои чаҳорумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Шумораи иштирокдорони ин намоишгоҳ аз  Тоҷикистон  аз 7 корхона дар соли 2011 то ба 13 корхона дар соли 2014 афзоиш ёфт. Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин дар ду девораи Тоҷикистон дар намоишгоҳ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд: «Лидер», “Нассоҷии Хуҷанд”, «Нафиса», «Неку Хуҷанд», «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Ресандаи Қурғонтеппа», «Текстил Сити», «Тента Кӯлоб», “Файзи истиқлол-2011”, ва “Фирӯз”.

Тавре аз МТБ хабар доданд, ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи тозатаъсиси “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 35000 нафар мерасад. Бино бар гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур пас аз таҳлили амиқи таъсири эҳтимолии мусбати он ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи замон ва макони баргузорӣ интихоб гардид.

Ба андешаи ҷаноби Камолов, «иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ бар иловаи афзудани имкониятҳо, боз корхонаҳои Тоҷикистонро ба чолишҳое бинобар рақобати шадид дар бозор рӯбарӯ хоҳад кард. Русия муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.