Қабули ҳалномаи ҳукми қонунӣ доштани раиси ҲДТ ба 9-уми июл мавқуф гузошта шуд

          Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд 9-уми июл қарори ҳукми қонунӣ доштани раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро қабул намояд.         Роҳбари яке аз се ҷиноҳи Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, ки баррасии даъвои Масъуд Собиров, ки бояд дирӯз барпо мегардид, ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шудааст.        […]

Далер Ғуфронов



          Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд 9-уми июл қарори ҳукми қонунӣ доштани раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро қабул намояд.






        Роҳбари яке аз се ҷиноҳи Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, ки баррасии даъвои Масъуд Собиров, ки бояд дирӯз барпо мегардид, ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шудааст.





       Ёдрас мекунем, ки раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.









       Ба қавли С.Исмонов, додгоҳ мавқуф гузоштани қабули қарори худро бо ҳузур надоштани намояндаи Вазорати адлия, ки муайян кардани қонунӣ будани раисӣ дар ҲДТ ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, асоснок кардааст.





       «Ман бар чунин назарам, ки ҳарчанд мақомоти додгоҳ ҳукми қонунӣ доштани фаъолияти моро ҳал кунанд ҳам, ба ҳар ҳол, қонунӣ будани раиси ҳизбро бояд раёсати он муайян намояд, – таъкид сохт С.Исмонов. – Аз ин рӯ, ба чигунагии ҳалномаи додгоҳ нигоҳ накарда, мо мекӯшем, даъвати анҷумани ҳизбро, ки мақомоти олии ҳизб аст, амалӣ созем».

 


 







 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон