Филми комили “Ривояти Шайх Темур”-и Шабакаи Аввал

Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад. Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда ва соли 1986 бо даъвои ҳамсараш, ки духтари 16 соларо барои дуохонӣ наздаш оварда буданд ба занӣ мегирад ва бо […]

IslamNews.Tj



Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.


Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда ва соли 1986 бо даъвои ҳамсараш, ки духтари 16 соларо барои дуохонӣ наздаш оварда буданд ба занӣ мегирад ва бо ин ҷурм ба ду сол маҳкум мешавад. Баъди адои ҷазо ҷониби Ҳисор кӯч мебандад.


Тавре ровии филм мегӯяд: “Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро “Имом Маҳдӣ”, пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз

Темурхон

ба

Саидмаҳдихон

расмӣ месозад”.  Ровӣ ҳамчунин идома медиҳад, ки: “ба қавли бародарони ташайюъ

Имом Маҳдӣ

имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад”.


Ҳамчунин дар ин барнома руҳшинос

Маҳмуд Кабирӣ

суханронӣ намуда мегӯяд: “Дар ҷамъият “механизм”-ҳое аст, ки агар инсон онҳоро истифода барад метавонад ба равони мардум таъсир расонад. Ва ин як дарвозаест, ки мутаассифона баъзе қаллобон истифода мебаранд”.



Саидмукаррам Абдуқодирзода

, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд:

“Тавре мо дар навор дидем мардум мошинро бӯса доранд. Агар қиёс кунем мошинро ба уштури замони Пайғамбар (с). Дар куҷо ва дар кадом сират омадааст, ки уштури Пайғамбар (с)-ро бӯса мекарданд? Ё пеши пойи пайғамбар (с) саҷда мекарданд?”.


Дар ин навор нишон дода мешавад, ки уламои динии шаҳри Турсунзода

Имомалӣ Шарипов

, имомхатиби деҳаи Қаратоғ,

Аҳтам Ашӯров

, имомхатиби деҳаи Батош,

Қиёмиддин Шаропов,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи деҳоти Пахтаобод бо Сатторов Темурхон оид ба амалҳои ӯ аз назари шаръӣ баҳс мекунанд.


Ин руҳониён аз “Шайх Темур” мепурсанд: Дар доираи мазҳаби ҳанафӣ дар бораи пардагузорӣ миёни ду нафар ва суҳбат кардан дар ривоёт омадааст?  Шайх Темур ҷавоб медиҳад, ки вақте мо чилла мешиштем ва ман дар паси парда намоз мехондам. Мухотабони “Шайх Темур” мегӯянд: масъалаи чилла дигар аст. Мардум барои тӯмор гирифтан ё зиёрат ба назди Шумо мерафтанд Шумо аз паси парда бо онҳо гуфтугӯ меардед. Оё ягон ҳадис дар ҷойе гуфта шудааст? “Шайх Темур” посух медиҳад, ки: “ман дар ягон ҳадис надидам, ки мард бо мард аз паси парда гап зананд”.


Ровии барнома мегӯяд: “Имоми навбаромад шахсонеро, ки фармудаҳои ӯро гӯш намекарданд тавассути муридонаш зери лату кӯб мегирифт”.


Ҳамчунин аз чанд собиқ сокинони маҳаллаи Сангмела мисол оварда мегӯяд онҳо хонаҳои худро гузошта аз деҳа кӯчидаанд.


“Муридонаш то он сарҳади ифрот расидаанд, ки пашму мӯйи шайхашонро муқаддас медонанд, оби таҳорат кардаашро ҷамъ оварда менӯшанд, дасту пой, чарху “капот”-и мошинашро мебӯсанд, домани ҷомаву ҷелакашро ба рӯйи худ мемоланд. Бесаводӣ аз ин бузургтар намешавад инсонҳое, ки то ин дараҷа ҷоҳиланд ва кӯр-кӯрона ба нафаре ибодат мекунанд ҳақиқатан манқуртанд”, мугӯяд ровӣ.



Имомалӣ Шарипов

, имомхатиби деҳаи Қаратоғ дар навор мегӯяд: замоне, ки мо дар як маърака иштирок кардем Шайх дасташонро шӯстанд ва мардум саф кашиданд ва бо навбат ҳамон оби пасмондаи Шайхро нӯшиданд.


Ҳамчунин дар навор иқрори муридон, нишондоди модари ҳамсараш ва завҷаашро метавонед мушоҳида кунед:


Ривояти Шайх Темур

from

1tv.tj

on

Vimeo

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.