Муколамаи сатҳи баланд оид ба масоили амният миёни ИА ва Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Душанбе муколамаи дуюми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои амният миёни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) баргузор шуд. Афғонистон ҳамчун меҳмони махсус ба ин муколама даъват шудааст. Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ доир гашта, раисии онро […]



Дар шаҳри Душанбе муколамаи дуюми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои амният миёни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) баргузор шуд. Афғонистон ҳамчун меҳмони махсус ба ин муколама даъват шудааст.

Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ доир гашта, раисии онро Муовини Котиби генералии Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо хонум Ҳелга Шмид ба ӯҳда дошт. Дар муколама ҷанобони зайл ширкат варзиданд: Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алексей Волков, Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эринес Оторбаев, Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳекмат Карзай ва инчунин намояндагони Туркманистон ва Ӯзбекистон.

Иштирокчиён дар иртибот ба як қатор масъалаҳои асосии амният, ки ба Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вобастагӣ дорад, мубодилаи афкор намуданд. Cитезаҳои нав чун ифротгароӣ, ҷанговарони хориҷӣ, муҳоҷират, таҳдид ба сулҳу субот ва амнияти минтақа, ки ба гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва муборизаи алайҳи онҳо алоқа доранд, мубоҳиса шуданд. Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оиди фаъолгардонии кўшишҳои якҷоя дар ин маврид ва бардоштани тамоми масоили мазкурро ба сатҳи ҳамкории минтақавӣ миёни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ розигии худро изҳор намуданд.

Муколамаи мазкур таҳкурсии наверо барои ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсиву амниятии мавриди нигаронии муштарак, аз ҷумла хатароти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маводҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ фароҳам овард. Иштирокчиён якдилии худро барои мустаҳкамгардонии ҳамкории минбаъдаи худ дар соҳаҳои зер изҳор карданд:

– баҳори соли 2015 онҳо як маркази минтақавии намунавӣ дар Тошканд, Узбекистон, барои пешгирии паҳншавии маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ, бунёд мекунанд;

– моҳи март дар Брюссел ва моҳи май дар Бишкек онҳо шаклҳои нави ҳамкориро миёни коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми зӯровар ҷорӣ мекунанд;

– ба иштироки давлатҳои худ дар фаъолияти Маркази намунавии “Ҳидоя” дар Абу-Даби ҷиҳати мубориза зидди экстремизми зӯровар мусоидат мекунанд;

– дар соҳаи идоракунии сарҳадот ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути ҳамоҳангсозӣ байни барномаҳои нави минтақавии Иттиҳоди Аврупо ба номи БОМКА, КАДАП (дар Осиёи Марказӣ) ва БОМНАФ (дар Афғонистон), ки минбаъд аз ҷониби созмонҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бевосита амалӣ хоҳанд шуд, ҳамкориҳои худро давом мекунанд;

– давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи муҳоҷират ва масъалаҳои алоқадор таҷрибаи фаъолияти муассисаи Аврупоро оид ба муҳоҷират (MIEUX) мавриди омузиш қарор дода, дар “Раванди Прага”, ки байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар доир шуд ва айни ҳол аз ҷониби Полша пешбарӣ мешавад, ҳамкории худро густариш мекунанд.

Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои амниятӣ манфиати муштараки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи марказиро вобаста ба таҳкими муколама ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ инъикос менамояд. Он анъанаи мубодилаҳои амниятмеҳварӣ, аз ҷумла мулоқотҳои солонаи вазирони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи марказиро идома медиҳад. Он ҳамчунин ба сатҳи баланди ҳамкорӣ, ки тавассути Стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи марказӣ оид ба шарикӣ, ки Шӯрои аврупоӣ соли 2007 қабул намудааст ва барномаҳои қобили таваҷҷуҳи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, такя мекунад. Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаи амниятӣ ба таври мунтазам доир мегардад. Муколамаи аввалин соли 2013 дар шаҳри Брюссел баргузор шуда буд. Ин муколама дар вақти азнавдидабаромадани Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ рӯй медиҳад ва ба омода кардани он мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.