Дар доираи семинари дастурдиҳӣ оид ба амалисозии Барномаи вилоятии «Соҳибхоназани Суғд бояд соҳибкор, ҳунарманд ва ё косиб бошад» раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯзи 14 апрел бо фаъолияти Маркази таълимӣ -истеҳсолии «Шероз» шинос шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи дастури раиси вилоят бояд соли ҷорӣ дар тамоми ҷамоату деҳоти шаҳру навоҳии вилоят марказҳои таълимӣ-истеҳсолии қолинбофию дӯзандагӣ таъсис дода шавад.
Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пас аз шиносоӣ бо фаъолияти «Шероз» бо ҷараёни кор дар маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо” шинос гардиданд. Ин маркази навтаъсис дорои 20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 15 мошинаи чокдӯзӣ буда, дар маҷмӯъ дар он 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Тавре зимни шиносоиҳо таъкид гардид, соли равон дар тамоми ҷамоату деҳоти вилоят таъсиси чунин марказҳо дар назар гирифта шуда, ба ин васила бояд беш аз 9 ҳазор нафар бонувони вилоят соҳибкасб гарданд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот инчунин бо фаъолияти Комплекси хизматрасонии зообайторӣ, ки чанде қабл дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ гардида буд, ошноӣ пайдо намуданд.


