Шӯрои ИА намояндагони нави махсус дар Осиёи Марказиро таъин кард

Date:



Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта намояндагони нави махсус оид ба раванди сулҳ дар Шарқи Наздик ва минтақаи Осиёи Марказиро таъин кард.

Бино ба иттилои

ТАСС

, дар Шарқи Наздик Иттиҳоди Аврупоро дипломати итолиёвӣ Фернандо Ҷентилини намояндагӣ карда, яке аз вазифаи асосии ӯ дар ин мансаб «пешбурди амал ва ташаббусҳо барои ноил гардидан ба ҳалли ниҳоии ихтилоф миёни Исроил ва Фаластин бар асоси усулҳои ҳарду кишвар» унвон мешавад. Аз аввали соли 2014 ин мансабро касе ишғол намекард.

Ваколатҳои намояндаи нави ИА дар Шарқи Наздик то 30 апрели соли 2016 амал мекунанд. Ҷентилини қаблан ба ҳайси намояндаи олии шаҳрвандии НАТО дар Афғонистон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Косово фаъолият намудааст.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дипломати Словакия Петер Бурян таъин шуд. Тибқи қарори Шӯрои ИА, «таҳкими ҳамоҳангсозии сиёсии ИА бо кишварҳои минтақа, пайгирӣ (мониторинг)-и иҷрои стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва дастгирии амнияти минтақавӣ» аз ҷумлаи вазифаҳои намояндаи нав дар ин минтақа номбар шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related