Шӯрои ИА намояндагони нави махсус дар Осиёи Марказиро таъин кард

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта намояндагони нави махсус оид ба раванди сулҳ дар Шарқи Наздик ва минтақаи Осиёи Марказиро таъин кард. Бино ба иттилои ТАСС , дар Шарқи Наздик Иттиҳоди Аврупоро дипломати итолиёвӣ Фернандо Ҷентилини намояндагӣ карда, яке аз вазифаи асосии ӯ дар ин мансаб «пешбурди амал ва ташаббусҳо барои ноил гардидан […]

ASIA-Plus



Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта намояндагони нави махсус оид ба раванди сулҳ дар Шарқи Наздик ва минтақаи Осиёи Марказиро таъин кард.

Бино ба иттилои

ТАСС

, дар Шарқи Наздик Иттиҳоди Аврупоро дипломати итолиёвӣ Фернандо Ҷентилини намояндагӣ карда, яке аз вазифаи асосии ӯ дар ин мансаб «пешбурди амал ва ташаббусҳо барои ноил гардидан ба ҳалли ниҳоии ихтилоф миёни Исроил ва Фаластин бар асоси усулҳои ҳарду кишвар» унвон мешавад. Аз аввали соли 2014 ин мансабро касе ишғол намекард.

Ваколатҳои намояндаи нави ИА дар Шарқи Наздик то 30 апрели соли 2016 амал мекунанд. Ҷентилини қаблан ба ҳайси намояндаи олии шаҳрвандии НАТО дар Афғонистон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Косово фаъолият намудааст.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дипломати Словакия Петер Бурян таъин шуд. Тибқи қарори Шӯрои ИА, «таҳкими ҳамоҳангсозии сиёсии ИА бо кишварҳои минтақа, пайгирӣ (мониторинг)-и иҷрои стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва дастгирии амнияти минтақавӣ» аз ҷумлаи вазифаҳои намояндаи нав дар ин минтақа номбар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.