Дар натиҷаи гуфтушунидҳои расмӣ ва андешидани тадбирҳои дахлдор аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610 – Фарҳод Калонови 19-сола (сокини ш. Душанбе), Сироҷ Давлатови 24-сола (сокини ноҳ. Қумсангир), Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола (сокини ноҳ. Панҷакент) ва Меҳроҷ Шодиеви 21-сола (сокини ноҳ. Рӯдакӣ) рӯзи 11 июн аз асорат озод гардида, ба ватан баргардонида шуданд.
Ҳамаи онҳо рӯзи 17 декабри соли 2014 дар марз бо Афғонистон аз ҷониби афроди мусаллаҳи номаълум асир гирифта шуда, ба қаламрави кишвари ҳамсоя интиқол гардида буданд. Дар ин бора дар маълумоти расмии интишоршудаи ҳукуматдорони Тоҷикистон хабар дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Қатар, марзбонони тоҷик
бо мусоидати амири Қатар
озод карда шудаанд. Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.



