Корҳои барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тошканду Душанбе

Парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд танҳо баъди таҳияи заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор дубора роҳандозӣ шуда метавонад. Сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати нақлиёти ҶТ Фарида Ёқубзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала моҳи июни соли равон дар Тошканд зимни ҷаласаи ахири Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон матраҳ […]

Пайрав Чоршанбиев



Парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд танҳо баъди таҳияи заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор дубора роҳандозӣ шуда метавонад.

Сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати нақлиёти ҶТ Фарида Ёқубзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала моҳи июни соли равон дар Тошканд зимни ҷаласаи ахири Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон матраҳ гардидааст.

Ф.Ёқубзода таъкид дошт, ки масъалаи дубора барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе бо ташабусси Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таҳияи заминаи меъёрӣ идома дошта, баъди он бояд созишномаи дахлдор дар бахши авиатсия ба имзо расад. «Танҳо баъди ин дар бораи дубора роҳандозӣ намудани хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе метавон ҳарф зад», – афзуд Ёқубзода.

Аввали ҳамин сол васоити ахбори умуми Ӯзбекистон иттилоъ дода буданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии 

парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе 

оғоз мекунад.

Дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2014 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумот дар бораи имкони барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкандро

тасдиқ накарда буд.

Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов 

низ ба журналистон изҳор намуда буд,

 ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.

Рӯзи 

12-уми январи соли равон 

«Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд