Кумаки ИМА ба осебдидагони обхезӣ дар ВМКБ

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамдардии амиқи худро ба мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фаромадани сел аз рӯзи 19-уми июл дар водии Рашт ва ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) осеб дидаанд, баён менамояд.   Барои дастгирии осебдидагони сел Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, қуттиҳои дорои лавозимоти тиббиву санитарӣ ва […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамдардии амиқи худро ба мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фаромадани сел аз рӯзи 19-уми июл дар водии Рашт ва ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) осеб дидаанд, баён менамояд.

 

Барои дастгирии осебдидагони сел Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, қуттиҳои дорои лавозимоти тиббиву санитарӣ ва дигар маводи таъҷилӣ ба маблағи зиёда аз 60 000 доллари амрикоӣ ба оилаҳои деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт расонид.

19-уми июли соли 2015 Сафир Сюзан Эллиотт ба муроҷиати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мусоидат ба бартарафсозии хисороти зиёд дар Бадахшон ва баъдан дар водии Рашт вокуниш нишон дод.  Бо истифода аз Фонди имдоди сафири ИМА, Сафир Эллиотт маблағи 50 000 доллари амрикоиро ба бахши имдод ба осебдидагони офатҳои табии Хазинаи Оғохон оид ба рушд, созмон оид ба кӯмаки башардӯстонаи FOCUS ҷиҳати дастрас намудани хаймаҳо, рахти хоб, кампал, болишт, тагсарӣ, сачоқ ва дигар лавозимоти рӯзгор ҷудо намуд.  Инчунин, бахши назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорат (INL) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар доираи Барномаи ҳамкории милисия бо ҷомеъаи бахши мазкур аҳолии водии Раштро бо маводи зарурии аввалиндараҷа ба маблағи 10 000 доллари амирикоӣ таъмин намуд.

Кӯмаки мазкур барои қонеъ гардонидани талаботи авзалиятнок, ки аз ҷониби Ҳукумат Тоҷикистон дархост гардида буданд, равона шудааст.  Он тавассути гурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони давлатӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат аст, мувофиқа хоҳад шуд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вазъиятро бо тавҷҷӯҳи хос мушоҳида намуда, маблағи иловагиро барои таъмири мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмиру барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ҷудо намудааст. Кӯшишу талошҳои муштараки оҷонсиҳои мухталиф ва ташкилотҳои шарик аз иродаи қавии Ҳукумати ИМА ҷиҳати дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин давраи мушкил шаҳодат медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.