Ҷамъоварии ҳудуди 695 ҳазор тонна ғалладонагӣ дар Тоҷикистон

То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 695 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҳазор тонна бештар буда, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 27,8 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол дар майдони умумии 324 ҳазор гектар зиротаи ғалладона кишт шудааст. «Айни замон […]

ASIA-Plus



То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 695 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҳазор тонна бештар буда, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 27,8 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол дар майдони умумии 324 ҳазор гектар зиротаи ғалладона кишт шудааст. «Айни замон барои ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар ҷумҳурӣ 242 комбайн сафарбар шудаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Тибқи маълуомти оморӣ, дар таркиби истеъмол (ғизо)-и Тоҷикистон 60-65%-ро нон ташкил медиҳад ва дар ин шароити мушкили буҳронӣ, ҳукуматдорон аз аҳолӣ даъват карданд, ки ҳадди ақал барои 2 сол маҳсулоти ғалладона ва ордро барои худ захира намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон мустақилона талаботи худ ба маҳсулоти ғаллдаона ва ордро аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ қонеъ карда наметавонад. Воридкунандаи асосии ин гуна маҳсулот ба Тоҷикистон Қазоқистон ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тӯли 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 307 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ва 58,6 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-майи соли 2014 мутаносибан 2,1% ва 28,5% камтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.