Тибқи маълумоти ахир, аз таркиши автомашинаи боркаши минагузошта дар Кобул қариб 400 нафар осеб диданд, – иттилоъ медиҳад шабакаи телевизиони TOLO News бо истинод ба намояндаи Вазорати тандурустии Афғонистон. Қаблан дар бораи 198 нафар осебдидагон хабар дода шуда буд.
Хабаргузории
РИА Новости
дар ин робита менависад, корманди Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, аксари осебдидагон аз шишапораҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Дар бораи ҳалокшудагон бар асари ин ҳодиса хабарҳои гуногун мерасанд. Агентии Рейтер қаблан дар бораи 15 нафар ҳалокшудагон иттилоъ дода, дигар ВАО дар бораи 7-8 нафар фавтидагон иттилоъ медиҳанд.
Гуфта мешавад, таркиш дар маҳаллаи Шоҳ-Шаҳид дар шарқи пойтахти Афғонистон ба вуқӯъ пайваста, ҳадафи ин амали террористӣ эҳтимолан яке аз иншооти Вазорати мудофиаи унвон мешавад. Дар натиҷаи таркиш як қатор биноҳо ба таври назаррас тахриб шуда, зери деворҳои афтидаи онҳо метавонанд одамон қарор дошта бошанд.