Баррасии масъалаи ҷалби сармоягузорони нави Чин дар Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо намояндагони Бонки мардумии Чин таҳти сарварии раиси ин бонк Жоу Шиаочуан вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахши молияву бонк баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуда, […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо намояндагони Бонки мардумии Чин таҳти сарварии раиси ин бонк Жоу Шиаочуан вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахши молияву бонк баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба масоили рушд ва густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳо ва фароҳам сохтани имкону шароити сармоягузорӣ барои доираҳои тиҷоратии Чин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар мулоқот «аҳамияти амалисозии барномаҳо қабулшуда ва зарурати ҳамоҳангсозии онҳо аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон бо Фонди «Роҳи Абрешим» ва Бонки кишоварзии Чин таъкид шуд».

Ҷамшед Каримзода изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳо бо Бонки мардумии Чин аз рӯи ҳама самтҳо минбаъд низ бар бар пояи созандагӣ рушду густариш хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.