Геологҳои ИДМ ҷараёни таҳияи харитаҳои бузургмиқёсро баррасӣ карданд

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ориёнкант (собиқ Қайроққум) ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро ва коришоносон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод ширкат варзиданд. […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ориёнкант (собиқ Қайроққум) ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро ва коришоносон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод ширкат варзиданд.

Иштирокдорони чорабинӣ натиҷаҳои кори хадамоти геологии кишварҳои узви ИДМ давоми солҳои 2014-2015 оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи пешинро баррасӣ намуда, дар бораи натоиҷи амалисозии Нақшаи корҳои муштараки кишварҳо дар доираи Шӯрои байнидавлатӣ дар давраи солҳои 2011-2015 маълумот доданд.

Ҳамчунин масоили рӯзмарраи ҳамкорӣ дар соҳаҳои омӯзиши геологии бойигариҳои зеризаминӣ ва иштироки кишварҳои узви Шӯрои байнидавлатӣ дар лоиҳаҳои байнулмилалӣ оид ба омӯзиш ва арзёбии имконоти минералӣ ва ашёи хоми минтақаҳои бузурги ҷаҳон баррасӣ шуда, имконоти захиравии обҳои зеризаминии қаламрави фаромарзии кишварҳои узви ИДМ баҳогузорӣ шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа атрофи масъалаҳои идоракунии равандҳои хатарноки экзогенӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳод, вазъи корҳо оид ба омодасозӣ ва таҳияи харитаҳои геологии бузургмиқёс (1:200 000) ва ҳамчунин ҳамгиройӣ ба лоиҳаи байнулмилалии OneGeology табодули назар сурат гирифт.

Қарор шуд, ки ҷаласаи XX ҷашнии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминии кишварҳои узви ИДМ соли оянда дар Бишкек баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.