Русия механизми бозбинии қарор дар бораи манъи вуруди донишҷӯёни тоҷикро таҳия намуд

Дар Русия механизми бозбинии қарор дар бораи манъи вуруд барои донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳия шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, механизми фаврии кор бо донишҷӯёни тоҷики машғули таҳсилдар муассисаҳои таълимии Русия аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия таҳия гардидааст. Ба донишҷӯёни тоҷик, ки вурудашон ба […]

ASIA-Plus



Дар Русия механизми бозбинии қарор дар бораи манъи вуруд барои донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳия шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, механизми фаврии кор бо донишҷӯёни тоҷики машғули таҳсилдар муассисаҳои таълимии Русия аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия таҳия гардидааст.

Ба донишҷӯёни тоҷик, ки вурудашон ба қаламрави Русия манъ аст, тавсия дода мешавад, ки бо аризаи дахлдор ҳамроҳ бо нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мустақимона ба намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Дар маълумот таъкид мешавад, ки барои қонуншиканиҳои маъмурӣ, вуруд ба қаламрави Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ ба таври автоматӣ манъ мегардад.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон 94 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон бо ариза барои иҷозаи вуруд муроҷиатк арда, нисбати 89 нафар аз онҳо қарори мусбат қабул шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.