Назарбоев: Сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон барои мо ҳам муҳим аст

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро самимона истиқбол гирифта, маросими истиқболи расмӣ […]

ASIA-Plus



Боздиди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро самимона истиқбол гирифта, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи сарони кишварҳо аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.

Ин маросими шукӯҳманд бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт. Сарони ҳарду давлат аз имкони ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноату хушҳолӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ба ташрифи Шумо ба Тоҷикистон аҳамияти беандоза медиҳем. Бовар дорам, ки ин боздид бо муҳтаво ва самтгириаш имкон дорад дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаҳои нав боз намояд”.

Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки “Ҳамаи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст. Мо омодаем рушди иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд