Шикояти сокинони маҳаллаи Зарафшон аз дарахтбурии ғайриқонунӣ

Як гурӯҳ сокинони хонаи №14-и маҳаллаи Зарафшони пойтахт тариқи идораи «Азия-Плюс» бо шикоят нисбати раҳбарияти хоҷагии манзилию коммуналии маҳаллии №72, ки рӯзи 11 сентябр бидуни пешниҳоди ҳуҷҷате якчанд дарахти пушти хонаи онҳоро буриданд, ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат карданд. Ба гуфтаи сокини хонаи мазкур Иззатулло Мирзоев, ба саволи истиқоматкунандагон дар бораи бо кадом […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳ сокинони хонаи №14-и маҳаллаи Зарафшони пойтахт тариқи идораи «Азия-Плюс» бо шикоят нисбати раҳбарияти хоҷагии манзилию коммуналии маҳаллии №72, ки рӯзи 11 сентябр бидуни пешниҳоди ҳуҷҷате якчанд дарахти пушти хонаи онҳоро буриданд, ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат карданд.

Ба гуфтаи сокини хонаи мазкур Иззатулло Мирзоев, ба саволи истиқоматкунандагон дар бораи бо кадом асос бурида шудани дарахтон, ки якчанд сол пеш шинонида шуда, сокинони хона онҳоро нигоҳубин мекарданд, роҳбари хоҷагии манзилию коммуналии мазкур изҳор доштааст, ки ин кор бо қарори ҳукумати пойтахт иҷро карда мешавад.

«Вақте мо аз ӯ дархост намудем, ки нусхаи қарори раиси шаҳр дар ин бораро нишон диҳад, ӯ моро буҳтонгарон номид, ки ба кор халал мерасонидаем», – гуфт Мирзоев.

Сокинони хонаи №14 қайд мекунанд, ки аз дарахтони буридашуда танҳо яктоаш хушкшуда буда, боқимонда сабзу дар нашъунамо буданд ва дар сояи онҳо кӯдакон бозӣ кардаву мардум истироҳат мекард.

«Ба хотири якчанд метри мукааб чӯб дарахтони сабзу бутунро, ки сокинони маҳаллӣ тӯли солҳо онҳоро нигоҳубину эҳтиёт мекарданд, буридан лозим нест», – иброз дошт сокини ҳамин хона Қурбоналӣ Мақсудов.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дарахтон дар шаҳр танҳо бар асоси қарори раиси пойтахт дар заминаи пешниҳоди ин раёсат бурида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.