Иншооти мансуб ба оилаи Муҳидин Кабирӣ муҳр зада шуд

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар иншооти мансуб ба оилаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар хешовандони ӯ дар Душанбе кофтуковҳо гузаронида шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешу ақрабои Кабирӣ хабар доданд. Ба қавли онҳо, кофтуков ва барӯйхатгирии амволи оила Кабирӣ аз ҷониби комиссияе гузаронида шудааст, ки ба ҳайати он кормандони Прокуратураи генералӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои истироҳати гузашта дар иншооти мансуб ба оилаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар хешовандони ӯ дар Душанбе кофтуковҳо гузаронида шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешу ақрабои Кабирӣ хабар доданд.

Ба қавли онҳо, кофтуков ва барӯйхатгирии амволи оила Кабирӣ аз ҷониби комиссияе гузаронида шудааст, ки ба ҳайати он кормандони Прокуратураи генералӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия шомл будаанд. Хешону наздикони Кабирӣ дар бораи бо кадом асос гузаронидани ин амалҳо посухи саҳеҳе дастрас накардаанд.

Онҳо гуфтанд, кофтуковҳо дар коргоҳи истеҳсоли коғази ташноб ва дастпоккунҳо (салфеткаҳо)-и мутааллиқ ба яке аз хешони Кабирӣ, дар ширкати сохтмонии мансуб ба яке аз бародарони раиси ҲНИТ, дафтари кории маркази «Диалог» дар километри 7-ум ва дигар иншооти мутааллиқ ба хешону наздикони Кабирӣ гузаронида шудаанд.

«Хамаи ҳуҷҷатҳо ва техникаи дафтари корӣ мусодира шуд. Ҳамчунин онҳо гуфтанд, ки тамоми техникаи истеҳсолиро низ мусодира мекунанд, вале чун он насб шудаву мустаҳкам аст, берун бурда натавонистанд. Дарҳои ҳамаи иншоот муҳр зада шуд», – ҳикоят карданд наздикони раиси ҲНИТ.

Қаблан рӯзи ҷумъа дар манзили шахсии Муҳиддин Кабирӣ воқеъ дар маҳаллаи Пивзавод, ки чанде пештар дар он баъди муҳр зада шудани дафтари кории марказии ҲНИТ нишасти хабарии Шӯрои сиёсии ҲНИТ доир гардида буд, низ кофтуков гузаронида шуд. Ин хона ба номи писари Кабирӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳуҷҷати хонаҳо, манзилҳои писарони Кабирӣ ва хешовандони наздики ӯ низ мусодира ва хонаҳо муҳр зада шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Прокуратураи генералӣ ва Агентии зиддифасод дар ин бора маълумот дастрас намояд. Дар Агентии зиддифасод изҳор доштанд, ки имрӯзҳо ҳама ба корҳои тадорукоти ташкили нишасти СААД дар Душанбе машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо имзои шахсе бо номи Пӯлод Ғаффоров

мақолае ба нашр расид

, ки дар он ӯ Муҳиддин Кабириро ба робита доштанаш бо генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода муттаҳам мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.