Назарбоев: Лаҳзаҳои душвор мо ҳамеша паҳлӯи мардуми тоҷик будем

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи олӣ сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки Қазоқистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор аст. «Тоҷикистон давраҳои душворро паси сар намуд ва мо ҳамеша паҳлӯи мардуми тоҷик будем», – гуфт Назарбоев ва таъкид дошт, ки «мо мувофиқи имкон ҳам кумаки гуманитариву ҳам кумаки ҳарбӣ-техникӣ расонидем». […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи олӣ сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки Қазоқистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор аст.

«Тоҷикистон давраҳои душворро паси сар намуд ва мо ҳамеша паҳлӯи мардуми тоҷик будем», – гуфт Назарбоев ва таъкид дошт, ки «мо мувофиқи имкон ҳам кумаки гуманитариву ҳам кумаки ҳарбӣ-техникӣ расонидем».

Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки “Ҳамаи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст. ”.

Ӯ вазъи ҳамкории ҷонибҳоро ғайриқаноатбахш хонда, таъкид дошт, ки «ҳамкориҳои иқтисодӣ барои мо хеле муҳиманд ва мо оид ба рушди ҳамкориҳо дар ин самт мувофиқа ҳосил кардем». «Мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи рушди иқтисоди Тоҷикистон омодаем», – иброз дошт Назарбоев.

Бо зикри муҳим будани масъалаи рушди бахши гидроэнергетика барои Тоҷикистон, сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ки «ба мо (кишварҳои минтақа) оид ба масоили обу энергетика созиш ҳосил кардан зарур аст».

Ҳамчунин президенти Қазоқистон нисбат ба дастгирии Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки «Тоҷикистон оғози марзҳои ҷанубии кишварҳои узви ИДМ мебошад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд