Қазоқистон шарики сеюми стратегии Тоҷикистон шуд

Имрӯз дар Душанбе сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистонро ба имзо расониданд. Ба ин монанд санадро Тоҷикистон соли 2004 бо Русия ва соли 2013 бо Чин ба тасвиб расонидааст. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳошияи сафари расмии президенти Қазоқистон ба […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Душанбе сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистонро ба имзо расониданд. Ба ин монанд санадро Тоҷикистон соли 2004 бо Русия ва соли 2013 бо Чин ба тасвиб расонидааст.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳошияи сафари расмии президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи техникии иттилот ба тасвиб расид.

Ғайр аз ин, миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ созишнома ба имзо расид.

Миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2017 ба тасвиб расид.

Ҳамчунин оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006 Протокол ба имзо расид.

Ҷонибҳо ҳамчунин Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 200-ро низ ба имзо расониданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.