Ташрифи ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия ба Душанбе



Ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Евгений Бишмин шоми рӯзи 11 ноябр ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳадафи аслии сафари ҳайати парлумонии Русия ба Душанбе густариши ҳамкориҳо бо парлумони Тоҷикистон аст.

Зимнан зикр гардид, ки нимаи дуюми имрӯз ҳайати парлумонии Русияро раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳузур мепазирад.

spot_imgspot_img

Популярное