Ҳалокати шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково



– Пас аз худро аз зина (эстакада)-и ҳафтметра ба поён афкандан дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид, – хабар медиҳад


ТАСС


 бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсат дар нақлиёти ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии марказӣ. Ин ҳодиса соати 18:36 дақиқаи рӯзи 11 ноябр рух додааст.

Кормандони пулис ҷавонеро боздошта, аз ӯ нишон додани ҳуҷҷатҳояшро дархост мекунанд. Пас аз ин шаҳрванди Тоҷикистон аз онҳо ҷойи харидории билетро мепурсад. «Ин шаҳрвандро кормандони пулис то кассаи хариди билетҳо ҳамроҳӣ карданӣ мешаванд, вале ӯ ногаҳон худро аз зина ба поён мепартояд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Намояндаи фурудгоҳи Внуково иттилоъ додааст, ки коршиноси ҷасадро муоинакарда «китобчаи фарсудаи ба Қуръон монандро дарёфтааст». Дар ВКД гуфтаанд, зимни кофтуков аз ӯ китоби дуоҳо низ пайдо шудааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ҳалокшударо муайян кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Отанбеков буда, 26 сол доштааст.

Дар ҳамин ҳол,

РИА Новости

бо истинод ба хадамоти матбуоти матбуоти Раёсат дар нақлиёти ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии марказӣ менависад, шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково ваҳҳобӣ нест. Қаблан чанде аз ВАО дар бораи ҷонибдори равияи ваҳҳобӣ будани ӯ хабар дода буданд.

«Дар маълумоти чанде аз васоити ахбори умум иттилоъ дода шуд, ки зимни кофтукови ӯ адабиёти дорои мундариҷаи исломӣ дарёфт шудааст, ки асоси воқеъӣ надорад», – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки Раёсати минтақавии тафтишот дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса санҷиш гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он қарори дахлдори мурофиавӣ қабул карда хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное