Як гурӯҳи вакилони палати поёнии парлумон таҳти унвони «Дар бораи асосгузори сулҳ ва созиш – пешвои миллат» лоиҳаи қонун таҳия намуданд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур айни замон дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад. Аз шарҳу тавзеҳи ҷузъиёти дигари масъалаи мазкур манбаъ худдорӣ варзид.
Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» маълум шуд, ки лоиҳаи қонун бо мақсади ба президенти Тоҷикистон додани мақоми пешвои миллат таҳия шудааст.
Интизорӣ меравад, ки лоиҳаи қонуни мазкур ояндаи наздик қабул мешавад.



