Нархи патенти корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар шаҳри Маскав соли 2016 ба андозаи 5% боло рафта, моҳона 4 ҳазору 200 рубл (соли 2015 – 4 ҳазор рубл)-ро ташкил хоҳад дод.
Бино ба маълумоти
сомонаи
Департамети сиёсати иқтисодӣ ва рушди мақомоти шаҳрдории Маскав бо такя ба гуфтаҳои роҳбари ин ниҳод Максим Решетников, арзиши патент «бояд вазъ дар бозори кори минтақавиро таҷассум сохта, сатҳи миёнаи музди меҳнат дар минтақаро ба инобат гирад».
«Аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли 2015 афзоиши номиналӣ (сабтшуда)-и музди меҳнат дар Маскав каме бештар аз 5%-ро ташкил дод ва аз ин рӯ, мо пешниҳод кардем, ки нархи патент дар сатҳи 4 ҳазору 200 рубл муқаррар карда шавад, яъне бо назардошти афзоиши 5% фоиз», – иброз доштааст ӯ.
Мансабдори шаҳрдорӣ бар ин назар аст, ки ба шароити иқтисодӣ мутобиқ кардани пардохтҳо (индексатсия) ҳам манфиатҳои худи муҳоҷирон ва ҳам манфиатҳои шаҳрро ба назар мегирад, ки ба қувваи корӣ ниёз дорад ва дар доираи тағйирёбии музди меҳнати миёна дар шаҳр, болоравии арзиши патент боадолат аст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2015 аз ҳисоби фурӯши 385 ҳазору 370 патент ба буҷети шаҳри Маскав беш аз 8,1 млрд. рубл маблағ ворид шудааст.



