Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Бохтари пойтахт 7 моҳ қатъ мешавад



Дар доираи корҳои таъмиру азнавсозии кӯчаи Бохтари пойтахт аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Миршакар қисмате аз дарахтон бурида шуда, ба ҷойи онҳо ниҳолҳои нав шинонида мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев чӯбу ҳезум аз дарахтони буридашуда ба тавозуни ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар робита бо корҳои таъмиру таҷдид, бо қарори раиси пойтахт аз 26 ноябри соли ҷорӣ то 30 июни соли 2016 ҳаракати нақлиёт тариқи ин қисмати кӯча баста мешавад.

Раиси пойтахт ба Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастур додааст, ки зимни таъмири роҳи кӯча ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятиро тавассути кӯчаҳои гирду атроф ва наздики он роҳандозӣ намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное