Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 16-18-уми апрел дар шаҳри Ордоси Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба ҳайати даста намояндагони ҷудои тоҷик 9 мард ва 4 зан шомиланд. Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё яке аз марҳилаи муҳим барои ҷудоркони қора маҳсуб меёбад. Дар мусобиқа варзишгарони пурқувати қора гирдиҳам меоянд. Байни мардон ҷудокорони зерин  дар вазнҳои гуногун ширкат […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 16-18-уми апрел дар шаҳри Ордоси Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба ҳайати даста намояндагони ҷудои тоҷик 9 мард ва 4 зан шомиланд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё яке аз марҳилаи муҳим барои ҷудоркони қора маҳсуб меёбад. Дар мусобиқа варзишгарони пурқувати қора гирдиҳам меоянд.

Байни мардон ҷудокорони зерин  дар вазнҳои гуногун ширкат мекунанд:

– Меҳрзод Сӯфиев (60 кг);

– Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг);

– Обид Ҷебов (66 кг);

– Муҳиддин Асадуллоев (73 кг);

– Сомон Маҳмадбеков (81 кг);  

– Беҳрӯзи Хоҷазода (81 кг);

– Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг);

– Шодмон Ризоев (90 кг);

– Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг).

 

Дастаи занон аз нафарони зерин иборат аст:

– Аҳлия Муъминова (48 кг);

– Мадина Қурбонзода (52 кг);

– Александра Кан (57 кг);

– Виктория Киселёва (+78 кг).

 

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, яке аз муобиқаҳои калидӣ дар тақвими Федератсияи байнулмилалии ҷудо барои вразишгарони ин қора маҳсуб меёбад. Мусобиқот дар Ордос ба арзёбии сатҳи омодагии ҷудокорони тоҷик ва муайян кардани имконоти онҳо дар мусобиқаҳои мавсими имсола имкон медиҳад. Ин мусобиқоти қаҳрамонӣ ҷиҳати мустаҳқам кардани мавқеи худ дар қора ва сатҳи байнулмилалӣ барои Тоҷикистон имкони хуб аст.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар соли 2025, ки моҳи апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.