Тоҷикистону ИА паёмадҳои ногувори заминларза дар ВМКБ-ро баррасӣ карданд



Дар ҳошияи конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истамбул» дар Исломобод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 9 декабр бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) хонум Ҳелга Шмидт мулоқот кард.

 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба паёмадҳои ногувори ҳодисаи заминларзаи 7 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон ва бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро муҳокима намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное