Ҳалокати ронандаву мусофир бар асари оташ гирифтани автомашина

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор нимашаби рӯзи 21 декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Волфсваген-Голф”, марди 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, автомашина ба канори рости роҳ чаппа шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа автомашина оташ гирифта, ронанда ва мусофири дохили он, марди 35-солаи сокини […]

ASIA-Plus



Дар роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор нимашаби рӯзи 21 декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Волфсваген-Голф”, марди 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, автомашина ба канори рости роҳ чаппа шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа автомашина оташ гирифта, ронанда ва мусофири дохили он, марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта боз як садамаи нақлиёт рух дод: ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 34-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳолати мастӣ, дар кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Фархор, дар рӯ ба рӯи бинои Ҳукумати ноҳия, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард, зани 53-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард, Қазакова М.Б., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нарзуллоев Ш. ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят  дастгир карда шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.