Баррасии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 21 декабри соли равон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори он вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ф.Могеринӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 21 декабри соли равон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори он вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ф.Могеринӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода  роҳбарӣ намуд.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласа иштирокчиён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла  Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазирон дар маҷмӯъ оид ба аҳамияти муносибати Иттиҳоди Аврупо ба минтақа, ки на танҳо кӯмаки молиявии бисёрҷонибаро дар бар мегирад, ҳамчунин кӯмаки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ташкилотҳои молиявии Аврупоро, аз ҷумла Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, эътироф намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштаракро қабул намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.