Э.Раҳмон вазъи минтақаро пешгӯинашаванда номид

Дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр аввал дар Ҷаласаи хосса ва сипас дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД – Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр аввал дар Ҷаласаи хосса ва сипас дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД – Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд.

Ба рӯзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳои доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, то барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналхалқӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби нерӯҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки “Барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд”ва илова кард, ки “ҳамоиши имрӯза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин зимни суханронӣ оид ба фош сохтани таблиғгарон, пешгирии ҷалби ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, вазъи сарҳадҳои кишварҳои СААД, пурзур кардани неруҳои низомӣ барои мубориза бо хатарҳои нав андешаронӣ намуд.

Ба сатҳи баргузории машқҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо баҳои арзанда дода, таклиф ба миён гузошта шуд, ки минбаъд дар доираи созмон барои дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани қувваҳои мусаллаҳ бояд чораандешӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар сафи пеши муқовимат қарор дорад, барои мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Изҳороти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.