БМТ сатҳи афзоиши нархҳо дар бозори истемолиро муътадил арзёбӣ мекунад



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз намояндагони васоити ахбори умум даъват ба амал овардааст, ки дар шароити феълии буҳронӣ ба сару садоҳои беасос дода нашаванд, зеро он ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ боис гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи

хадамоти матбуоти БМТ

қайд мешавад, ки сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3 фоиз ба амал омад.

Зикр мегардад, ки нисбатан болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ нишондиҳандаи мазкур асосан дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

«Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад», – омадааст дар маълумоти БМТ.

Ба иттилои манбаъ, дар аввалин моҳи соли 2016 низ омилҳои беруна ба болоравии начандон назарраси нархҳо боис шудаанд. «Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад», – гуфта мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

spot_imgspot_img

Популярное