Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон 5 феврал дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории ҳайати Агентӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Директор Зафар Самад ва ҳайати Хадамот таҳти роҳбарии муовини якуми раис Идрис Қодирқулов баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ошкор, коркард ва қатъ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ, ташкил намудани чорабиниҳои муштарак дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, таҳлил намудани сифати иҷроиши нақшаи ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Хадамот дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо баррасӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, тарафҳо ба қарор омаданд, ки гурӯҳҳои муштараки оперативӣ оид ба коркарди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ созмон дода шаванд.





