Дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими рӯнамои китоби «Акбари бузург» доир гардид, ки дар он хотираҳои дӯстону ҳамқаламони собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов доир ба ҳаёту фаъолияти ӯ гирдоварӣ шудаанд. Рӯзи 10 феврали имсол Акбаралӣ Сатторов ба синни 51-солагӣ мерасид.
Дар китоби 113-саҳифагӣ хотираҳои ҳамкорону дӯстони Акбаралӣ Сатторов ба нашр расидаанд. Акбаралӣ Сатторов моҳи августи соли гузашта бемаҳал аз олам даргузашт.
Зимни суханронӣ дар ин маросим раиси кунунии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳи Исмоил қайд кард, ки идеяи нашри китоби «Акбари бузург» ба сардабири газетаи «СССР» Сайёфи Мизроб тааллуқ дорад.
Дар зер хотирахои чанде аз дӯстону ҳамкорони Акбаралӣ Сатторовро манзуратон мегардонем, ки дар ин маросим баён доштанд:
Журналист Ҷонибек Асрориён:
Дар соҳаи журналистика ду нафаре, ки ман хосияташонро пайдо карда будам. Ду нафар буданд – устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Акбар. Хоксорӣ ва фурӯтаниашон. Дар ҳақиқат марди шариф ва зиндадил буданд Акбари Саттор ва аз шунидани аз дунё гузаштанаш ҳама ғамгин буданд. Ман фикр мекунам, ки дар журналистика ва сиёсати тоҷик ҷойи Акбар холӣ мемонад.
Муҳаммад Эгамзод:
Акбар воқеан як марде буд, ки саропо ҳазлу шӯхӣ ва меҳрубонӣ буд. Ва ман фикр мекунам, ки пешниҳоди як чизи хубтару беҳтар дар бораи ӯ чоп шавад, ман инро дастгирӣ мекунам. Умедворам ки хотираи неки Акбар дар дилу дидаи мо зинда хоҳад монд. Идеяи таъсиси газетат «Точикони Русия»ва «ТаджИнфо» низ аз ҷумлаи пешниҳодҳои Акбаралӣ Саттор мебошанд.
Боймурод Шарифзода, ҳамсабақи марҳум:
Мо аз соли 1982 вақте курси як мехондем, аз он вақт мо як ҷо будем. Рафту омад мекардем. Хотираҳои бисёр аст. Чунки аз давраи кӯдакӣ бо ҳам будем ва ӯ шахсият шуд. Акбар бисёр мутолиа мекард. Дар бораи шахсияти Акбар, саховату ҷавонмардиаш ҳеҷ кас ба ӯ баробар шуда наметавонад. Солҳои ҷанг ёдам ҳаст, ки мо 6 моҳ равған надоштем. Мо ҳар рӯз бо ҳам телефонӣ гап мезадем. Як рӯз зангаш зада, гуфтам, ки равған надорам. Ӯ гуфт, биё ман ба ту равған медиҳам…
Роҳбари созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» Саймуддин Дӯстов:
Акбар бисёр нақши халкунанда дошт дар побарҷо шудани матбуоти миллӣ ва яке аз сутунҳои матбуоти миллӣ буд ва фикр мекунам, муваффақияташ ҳамин буд, ки як модели муносибатӣ сохта буд барои худаш, ки имконияти манёвр медод ҳам назди ҳукуматиҳо ва ва ҳам назди журналистон. Ва ман фикр мекунам, ҳамин шуд, ки ҷомеаи журналистӣ дар баробари дигар ҷомеаҳое, ки ҳастанд, яке аз ҷомеахое шуд, ки дар ҷомеаи мо муҳим ба шумор мераванд. Раҳматӣ бисёр зиндагии тоҷикона ва бисёр софдил буданд.



