Омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 10 феврал сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз қабили равандҳои муҳимми ҳамкорӣ, омадагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, мавзӯҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное